ҷон

ҷон
[جان]
1. олами рӯҳии дохилии инсон, ки ҳамчун як чизи шартӣ ва мавҳум тасаввур мешавад ва онро сабаби зиндагӣ мешуморанд, рӯҳ, равон
2. умуман, як чизи мавҳуме, ки сабаби зиндагии ҳамаи ҷондорон тасаввур мешавад, василаи асосии зиндагӣ; бо ҳавли ҷон аз тарси зиёд; талвосаи ҷон; ваҳми ҷон тарсу ваҳм барои ҳифзи зиндагӣ
3. ҳаёт, зиндагӣ; ҷон гарав ҷома гарав (мақ.) вақте гуфта мешавад, ки бо ҳар роҳе кореро иҷро кардан хоҳанд; дили одаткарда балои ҷон (мақ.)
4. маҷ. дил, қалб; аз мағзи ҷон бо самими дил; ба ҷон аз таҳти дил; ба (бо) ҷону дил аз самими қалб, бо самимияти тамом
5. маҷ. одами хеле наздик, хеш ё фарзанд; ҷону ҷигар
6. муроҷиат ба тарзи навозиш, эҳтиром ва таъкиди наздикӣ, азиз, киромӣ: ҷони бобо!, ҷони ширин!, эй ҷон!, эй ҷони ман!, ҷӯраи ҷон ҷӯраи қарин
7. моҳият, асос, мағз; ҷони гапро гуфтан моҳияти гапро гуфтан
8. пасванди навозиш ва эҳтиром: додарҷон, модарҷон, муаллимҷон; ҷони одам одами хеле хуб, одами меҳрубон ва шафиқ; балои ҷон а) офати ҷони одам; б) боиси ташвиш, заҳмат, ранҷ, бадбахтӣ ва ғ. ; ҷон аз бадан баромадан мурдан, тамом шудан; ҷон ҳузур кардан роҳат кардан, кайф кардан; ҷон ба каф гирифтан фидокорӣ кардан, ҷонбозӣ кардан, аз хатар натарсида коре кардан; ҷон ба лаб расидан (омадан) қариб ба мурдан расидан, сахт ба танг омадан; ҷон ба саломат бурдан зинда халос шудан аз таҳлукае; ҷон ба хатар андохтан зиндагии худро ба хавф монондан, ба кори хавфнок иқдом кардан; ҷон бахшидан а) боиси мадор ва қувват шудани чизе ба касе; б) фидо шудан, қурбон шудан; ҷон ба ҳалқ овардан ба мурдан наздик кардан, хеле дилтанг ва безор кардан аз коре; ҷон бохтан ҷон фидо кардан, ҷон нисор кардан дар иҷрои коре, дар муборизае; ҷон гирифтан а) қувват пайдо кардан; б) равнақ ёфтан, ба ҳаракат даромадан; ҷон гарав мондан ба мурдан розӣ шуда кореро анҷом додан; ҷон дар амон мондан саломат мондан, таҳлукае набудан барои зиндагӣ; ҷон даромадан ба касе қувват пайдо шудан дар касе, шавқу иштиёқ пайдо шудан барои коре; ҷон дар рамақ доштан ҳанӯз зинда будан; ҷон додан а) мурдан; б) қурбон шудан; в) таслим шудан, сар фуровардан; ҷон дода ҷон гирифтан сахт задухӯрд кардан; ҷон доштан а) зинда будан; б) асос доштан, сабаб доштан; ҷони касе баромадан а) мурдан; б) сахт хашмгин шудан; ҷони касеро бахшидан зинда монондан, ҳукми куштани касеро бекор кардан; ҷони касеро халос кардан раҳоӣ додан, озод кардан касеро (аз қайде, ташвише, хатаре ва ғ.); ҷони касе ҳалок будан дар ғами чизе будан, дар талвосаи чизе будан; ҷони худро дареғ надоштан ҷон фидо кардан, фикри зинда мондани худро накардан; ҷони худро халос кардан саломат халос шудан, наҷот ёфтан; ҷон кандан а) дар ҳолати назъ будан, дар дами марг будан; б) азобу машаққат кашидан, сахт кӯшидан барои коре; ҷон коҳондан азоб кашидан, ранҷ бурдан, заҳмати бисёр кашидан; ҷонро ба ҷаббор додан мурдан, ба мурдан розӣ шудан; ҷон фидо кардан ҳаёти худро бахшидан, ранҷу заҳмати бисёр кашидан барои коре; ҷон ситондан ҷон гирифтан, куштан; ҷон супурдан мурдан, ҳалок шудан; ҷон қурбон кардан худро фидо кардан; ҷон-ҷон гуфтан аз самими қалб розӣ шудан, бо камоли майл маъқул донистан; аз сад ҷон як ҷонаш ҳам халос нашудан вақте гуфта мешавад, ки аз халосии касе ҳеҷ умеде набошад; аз ҷон андешидан ғами зиндагии худро хӯрдан, дар бораи ҳаёти худ фикр кардан, аз ҷони худ тарсидан; аз ҷон безор кардан сахт ба танг овардан; аз ҷони худ гузаштан а) аз баҳри зиндагӣ гузаштан; б) ҷон фидо кардан; аз ҷон сер кардан касеро безор кардан, ба танг овардан; аз ҷон сер шудан аз тангӣ ва вазнинии аҳвол ба мурдани худ розӣ шудан, сахт ба танг омадан; ба фикри молу ҷон шудан дар ғами чизу чора ва саломатии худ будан; ба ҷони касе расидан безор шудан аз чизе, хеле ба танг омадан аз чизе; ба ҷони касе қасд кардан дар паи нест кардани касе шудан; ба ҷон омадан безор шудан, ба танг омадан; ба ҷон расондан безор кардан; ба ҷону ҳолаш намондан маҷбур кардан касеро; ба ҷон ҷабр кардан худро ба азоби сахт мондан, худро сахт азият додан; дард аз ҷон гузаштан сахт дар азоб будан аз озоре; дар ғами ҷон будан дар фикри зиндагии (зинда мондани) худ будан; дуои ҷони касеро кардан саломатию беҳбуди касеро хостан; то ҷон дар тан будан то зинда будан; то ҷон доштан а) то зинда будан; б) бо тамоми қувва; як тану як ҷон шудан муттаҳид шудан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно решить контрольную?

Полезное



Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»